Дар Бадахшон беҳтарин бофандагон ва устоҳои асбобҳои мусиқӣ муайян гардиданд

Душанбе, 08.01.2021 /Радио «Овози тоҷик»/. Бо мақсади муаррифӣ намудани беҳтарин устоҳои асбобҳои мусиқии халқӣ ва беҳтарин бофандагони  соли 2020 дар шаҳри Хоруғ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад «Овози тоҷик» бо истинод ба Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Тавре раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Де Памири» Ёралӣ Бердов зимни натиҷагирӣ аз озмун иброз доштанд, ташкилоти онҳо  аз соли 2004 инҷониб дар самтҳои рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии аҳли санъату фарҳанг ва рушди истеъдодҳои наврас фаъолият намуда, барои муайян кардани чеҳраҳои нави ҳунар ҳамасола озмуни мазкурро  доир менамоянд.

Ба иттиллои манбаъ, маҳсули дасти ҳунармандони ин марказ дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои Федератсияи Русия-Томск, Санкт-Петербург  ва Москва ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи ҳакамон баҳои баланд гирифтанд.

Дар озмуни мазкур аз байни 10 нафар устоҳои беҳтарини асбобҳои мусиқӣ ва 10 бофандаи беҳтарини ноҳияҳои вилоят беҳтаринҳо интихоб гардиданд

Маврид ба ёдоварист, ки барои дарёфти истеъдодҳои нави ҳунар ташкили ин гуна озмунҳо минбаъд низ идома меёбанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *