Дар Суғд фестивалҳои “Сад ранги чакан” ва “Ҳунар аз зар беҳтар бувад” доир гардиданд

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар дар шаҳри Хуҷанд фестивалҳои вилоятӣ таҳти унвони “Сад ранги чакан” ва “Ҳунар аз зар беҳтар бувад” баргузор гардид. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад.

Фестивали мазкурро муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ҳусни оғоз бахшида, аз боби солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихӣ – 30 – солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ва баргузории имрӯза чорабинӣ, ки ҳанӯз дар оғози моҳи апрели соли равон даври якуми он дар шаҳру навоҳии вилоят доир гардида буд, ёдовар шуд.

Маврид ба зикр аст, ки баргузории Фестивали вилоятии “Сад ранги чакан” ва “Ҳунар аз зар беҳтар бувад” ба хотири гиромидошти фарҳанги миллӣ доир шуда, он ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва густариш бахшидани нақшу нигор , сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунарҳои аҷдодӣ равона гардидааст.

Ҳамчунин, баргузории чунин фестивалҳо барои баланд бардоштани эҳсоси ватандориву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг ва расму оинҳои милливу мардумӣ ва муаррифии санъати ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Дар ҷамъбасти Фестивал беҳтарин тарроҳон ва ҳунармандон дар номинатсияҳои гуногун бо Сипосномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд.

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *