Миёни Тоҷикистону Япония таъмини таҷҳизоти пойгоҳҳои технологӣ баррасӣ гардид

Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири фарҳанг Сафарзода Давлат Шариф бо намояндаи Сафорати Япония дар Тоҷикистон Кейта Хорӣ ва мушовири бахши тадбиқи лоиҳаҳои Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) Кавабата Шохей сурат гирифт, ки дар он дурнамои муносибатҳои фарҳангии дуҷонибаи ин ду кишвари ба ҳам дӯст баррасӣ гардиданд.

Тавре Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар рафти мулоқот раванди тадбиқи лоиҳаи “Таъмини таҷҳизоти пойгоҳҳои технологӣ ва бунёди захираҳои иттилоотии Хонаи китоби Тоҷикистон” баррасӣ гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои Вазорати фарҳанг бо Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) доир ба табъу нашр ва фаъолияти китобдорӣ дар ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *