Нигаронии беш аз 20 кишвар аз куштори занҷиираӣ ва худсаронаи Толибон

Иёлоти Муттаҳида ва 20 кишвари дигар куштор ва нопадид шудани сарбозони ҳукуматии собиқи Афғонистон аз ҷониби Толибонро маҳкум карда ва хостори таҳқиқи фаврӣ шудаанд.

Рӯзи шанбеи 4 декабр як нишасти муштараки беш аз 20 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, ки Толибонро барои куштори барқасдона ва худсаронаи сарбозони собиқи ҳукумат маҳкум кард, ки дар баёнияи муштараки онҳо гуфта мешавад: “Мо бениҳоят нигарони кушта шудани собиқ аъзои нерӯҳои амниятии Афғонистон ҳастем, ки аз ҷониби Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ва ҳуҷҷатгузорӣ ва тасдиќ шудааст..”

Вазорати хориҷаи Амрико изҳороти муштаракеро нашр кард, ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо, Британияи Кабир, Австралия, Канада, Белгия, Ҷопон, Булғористон, Дания, Финландия, Фаронса, Олмон, Зеландияи Нав ва баъзе дигар кишварҳо нашр шуданд.

Бар асоси ин баёния, аъмоли Толибон, тавре ки Созмони Дидбони ҳуқуқи башар гузориш додааст, нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар аст ва мухолифи даъвои Толибон дар мавриди афв аст.

Қаблан Созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар гузорише навишт, ки Толибон пас аз ба қудрат расидан дар Афғонистон беш аз 100 сарбози собиқи ҳукумат ва кормандони амниятро кушта ё маҷбуран ғайб заданд.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар баёнияе гуфтааст, “тартиби куштор дар саросари Афғонистон ваҳишатро ба вуҷуд овардааст.” Кормандони ҳукумати пешин низ худро бехатар эҳсос намекунанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *