Покистон баъд аз таҳдиди Толибон парвозҳояш ба Кобулро қатъ кардааст!

Агентии Reuters хабар медиҳад, ки Pakistan International Airlines (PIA) аз дирӯз (панҷшанбе) парвозҳояш ба Кобулро қатъ кардааст.
Ба гуфтаи сухангӯи ширкати Pakistan International Airlines, ин иқдомро Толибон ба далели ҳатмӣ муайян кардани нархи чиптаи парвоз ва таҳдиди кормандони ширкат аз ҷониби Толибон гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати нақлиёт ва ҳавопаймои Толибон дирӯз аз ширкатҳои ҳавопаймоии Покистон (PKI) ва Комайр даъват кард, ки нархи чиптаҳои ҳавопаймоҳои Кобул-Исломободро коҳиш диҳанд.
Pakistan International Airlines (PIA) аввалин ширкати ҳавопаймоӣ буд, ки парвозҳои тиҷоратиро ба Кобул аз 9 август, як ҳафта пас аз тасарруфи Толибон бар Кобул барқарор кард.
Ҳарчанд нархи билети ҳавопаймо барои ин ду ширкат – PKI ва Комайр хеле боло рафтааст, аммо нархи чиптаи PIA аз Кобул ба Исломобод, ки қаблан аз 150 то 200 доллар буд, сипас он аз 1200 доллар ва ҳоло бошад ба 2500 доллар афзоиш ёфтааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *