Баргузории Ҳамоиши илмӣ доир ба саҳми сарварони Тоҷикистону Узбекистон

 Душанбе, 14.09.2020 /Радио «Овози тоҷик»/. Имрӯз, 14 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе Конференсияи илмию амалӣ зери унвони «Саҳми Сарварони Тоҷикистону Узбекистон дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод, ифтитоҳи саҳифаҳои нав дар муносибати шарикии стратегии тоҷикону узбекон» баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш роҳбарият ва директорони муассисаҳои илмии АМИТ аз ҷумҳурии Узбекистон, директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Элдар Орипов, директори Маркази иттилоотию таҳлилии муносибатҳои байналмилалии назди ВКХ Ҷумҳурии Узбекистон Дониёр Қурбонов, роҳбари Маркази Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Бахтиёр Мустафоев, директори Институти сейсмологии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар институтҳои илмию тадқиқотии Ҷумҳурии Узбекистон ширкат варзиданд.

Дар доираи конференсияи илмӣ сухани ифтитоҳиро академик Фарҳод Раҳимӣ ироа намуда, зикр кард, ки  мардуми тоҷику узбекро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми якдигар муттаҳид месозанд. Дӯстии онҳо аз давраҳои қадим сарчашма гирифта, робитаву ҳамкории судманди ин ду давлат ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи таърихшиносону ҷомеашиносон қарор дорад.

Ҳамзамон дар рафти конфронс Муовини аввали Раиси Палатаи қонунгузории Олии Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Акмал Саидов иштирок ва суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки «талошҳои Роҳбарони давлатҳоямон буд, ки имрӯз муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, асосан дӯстии ин ду халқи бародар тақвият ёфта истодааст. Маҳз иродаи сиёсии сарварони ин ду давлат аст, ки муҳимтар аз ҳама, дӯстиву рафоқати мардум таҳким меёбад».

Бояд гуфт, ки ҳамоиши илмӣ ду рӯз идома ёфта, гурӯҳи олимони Тоҷикистон ва Узбекистон тибқи барномаи конфронс иборат аз чор бахш: рушди робитаҳои иқтисодӣ, равобити илмию технологӣ ва фарҳангиро мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *