Ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия дар самти обу энергетика рушд меёбад

Вазири энргетика ва захираҳои об – Ҷумъа Далер бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон ҷаноби Эмре Зеки Карагёл мулоқот намуда, зимни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкориҳоро дар соҳаи обу энергетика мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн қарор доданд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Вазорати энргетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот роҳҳои боз ҳам тақвият бахшидан ба муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ гардида,  зикр шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика ва дигар масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ барои ҳарду тараф муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар охир Ҷумъа Далер  ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи энергетика изҳори миннатдорӣ намуд.