Арзиш интернет ва дастрасӣ ба он чӣ гуна ба рушди пардохтҳои ғайринақдӣ монеа эҷод мекунанд?

Баҳрабардорӣ аз имкониятҳои интернет дар даврони пандемияи Коронавирус авлавияти бештар дар ҳама самтҳои ҳаётӣ башарӣ касб кард. Ин зарфият, аз ҷумла дар самти фаъол нигоҳ доштани чархаҳои иқтисодиёт  васеъ истифода мегардад.  Бо он ки дар Тоҷикистон дар ин давра шумораи  корбарони интернет коҳиш ёфт, аммо он дар бахшҳои зиёде бештар ва самарабахштар  корбурд мешавад.

Ба маълумоти мақомоти давлатӣ  бо хуруҷи вируси нав таваҷҷуҳ ба пардохтҳои ғайринақдӣ ва тиҷорати электронӣ афзоиш ёфт, ки дар заминаи хадамоти интернетӣ амалӣ мешавад. Ба андешаи Ғайрат Ғаюров, иқтисодшиноси тоҷик, ки устувории низоми бонкдориро меомӯзад,  рақобати бозорӣ ва ниёзҳои муосир ногузир хизматрасониҳои электронию фосилавиро маъмул мегардонад.

Ғайрат Ғаюров

“Ин масоил дар “Стратегияи  гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ” пурра дарҷ гардидааст, аз ҷумла ба таври маҷозию фосилавӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо. Мо наметавонем талаботи ҷомеаро бо усулҳои анънавӣ қонеъ созем. Махсусан пешниҳоди хизматрасониҳо ба воситаи интернет  низоми бонкии моро дар минтақа устувор мекунад.  Аллакай, рақобат эҳсос мешавад. Бинед, дар баробари  ташкилотҳои амонатию қарзӣ дигар ташкилотҳо, мисли ширкатҳои мобилӣ хизматрасониҳои шабеҳи бонкиро пешинҳод месозанд”- мегӯяд Ғайрат Ғаюров.

Бо назардошти ин, тавсеа бахшидани инфросохтори техникӣ, боло бурдани суръат ва мувофиқ намудани арзиши интернет ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, боиси дастрасии сартосарӣ ва мудовим мегардад. Дар ин зимн бегумон шароит барои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ташаккули шаклҳои гуногуни тиҷорати электронӣ  муҳайё мешавад. Ба назари Ҷовид Боймуродов, иқтисодшиноси тоҷик фаъолияти бонкдорӣ ва молиявӣ ба интернет вобастагии зич пайдо кард:

Дар шароити ҷаҳонишавӣ хизматрасониҳои бонкӣ, дар маҷмуъ хизматрасониҳои молиявӣ ба баданаи интернет амиқан ворид шуд.  Нақши интернет барои ба роҳ мондани робита байни бонк бо мизоҷ ё мизоҷ бо бонк,  бонк бо бонк ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ рӯз то рӯз бештар мешавад. Тасаввур кунед, ки мо интернет надорем, чи гуна метавонем аз интернет-бонкинг ё ҳамёни мобилӣ  истифода барем? Ин дар ҳоле, ки хизматрасониҳои молиявӣ аз тариқи интернет то рафт рушд меёбанд. Пас, зарур аст, ки дастрасии ҳамагонӣ ва мутазами интернет  бояд таъмин шавад”.

Махсусан дар замони ҳамагирии COVID-19 аҳамияти амалиётҳои пулӣ бо шакли ғайринақдӣ ба маротиб афзуд, зеро ин васила яке аз омилҳои пешгирӣ аз густариши Коронавирус ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, дастрасии дуруст надоштан ва сифати пасти интернетро коршиносон ба ҳайси яке аз омилҳои аслии ташаккули ғайриқонеъбахши амалиётҳои ғайрнақдии пул дар савдо ва хизматрасониҳо арзёбӣ мекунанд.  Бо вуҷуди он дар даврони пандемияи мазкур  дар маҷмуи амалиётҳои пардохтӣ дар Тоҷикистон ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои як баробар афзуда, ба беш аз 8 дарсад расид, аммо ин нишондиҳанда хеле андак дар муқоиса ба зарурати феълӣ гуфта мешавад. Аз ин рӯ, иқтисодшиносон мегӯянд, ба вуҷуд овардани инфросохтори зарурӣ метавонад, ба рушди зудҳангоми амалиётҳои ғайринақдии пулӣ мусоидат кунад.

Барномаи радиоиро ин ҷо бишнавед:

Мавҷуд набудани зербинои фаъол,  мушкилест, ки дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад. Ин мавзуъ, таваҷҷуҳи Бонки ҷаҳониро ҳам ҷалб кард. Ба гуфтаи мутахассисон ва иқтисоддонҳои Бонки Ҷаҳонӣ ба хатҳои васеи интернетӣ пурра пайваст набудан, як мушкили калидӣ мебошад ва бо ҳамин сабаб арзиши хадамоти интернетӣ, бахусус дар деҳот баланд асту нақши интернет дар иқтисод ҳанӯз пешбаранда нашудааст. Ба ин маънӣ бӯҳрони COVID-19  заъфҳои зиёдеро дар иртибототи рақамии минтақа ошкор сохт. Асомиддин Атоев, коршиноси технологияи иртиботӣ мегӯяд, аҳамияти саноати иттилоотиро бештар кард.

“Интернет ҳамчун як бахши мустақил фарогири тамоми соҳаҳо гардидааст. Ба иқтисодиёт ҳам он пайванди ногусастанӣ пайдо кард, ба ин маънӣ саноати иттилоотӣ ҳарчӣ ба таври зудҳангом мукаммал мегардад. Агар ба воқеияти Тоҷикистон ва минтақа дар даврони пандемия назар кунем, ошкор шуд, ки мо наметавонем бештарин фаъолияти худро тавассути платформаҳои интернетӣ ба роҳ монем. Як сабаби асосӣ арзиши гарони он аст, ки мунтазам интернет дар дастгоҳҳоии корбарон фаъол нест”- гуфт, Асомиддин Атоев.

Арзиши хизматрасониҳои интернет, дастрасии ҳамагонӣ ва сурати он  мавзуи сербаҳс ва расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Нархи интернетро дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсояи гарон медонанд.  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, Дар бораи Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ ба тасвиб расид. Оператор ё танзимгари давлатии он Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком»-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд. Коршиносон инро яке аз омилҳои камрақобат намудани бозори интернет медонанд. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ба суръати интернет ҳам бетаъсир нест. Мақомоти давлатӣ бошад, инро ба мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои киберӣ рабт медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, Рустам Гулов, таҳлилгари масоили алоқаи интернетӣ мепиндорад, ки арзиши интернет ба рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таъсири чандон надорад, аммо дастрасӣ ба он метавонад, истифодаи василаи муосири пардохтиро аз ҷониби аҳолӣ  заиф намояд.

Рустам Гулов

“Ташкилотҳои қарзӣ бо ҳамин арзише, ки интернет дорад метавонанд, хизматрасониҳои онлайниро пешниҳод кунанд, аммо фарогирии интернет мушкили аслӣ аст. Чун дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон дастрасии яксон вуҷуд надорад.  Аз ин хотир арзиши интернет монеаи ҷиддӣ нест.  Агар хизматрасониҳои молиявӣ ҳарҷӣ бештар густариш ёбанд, ҷомеа ҳам ба он рӯ бештар таваҷҷуҳ мекунад. Барои истифода аз василаҳои амалиёти ғайринақдӣ барномасоз будан шарт нест ”- иброз дошт, Рустам Гулов.

Дар ҳамин ҳол, Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа зимни нишасти матуботии ин ниҳод 13-уми июли соли 2020  иброз дошт, ки «соли суръати интернет то  2,8 Гб секунд баланд карда шуд. Барои баланд гаштани суръати интернети мобилӣ тамоми реҷаи кории ширкатҳои мобилӣ, яъне истгоҳҳои баъзавӣ бояд пурра аз 3G ба 4G гузаронида шаванд. Айни ҳол ин раванд на танҳо дар марказ, балки дар тамоми ҷумҳурӣ рафта истодааст ва дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд». Номбурда ҳамчунин иттилоъ дода буд, ки дар нимсолаи аввали соли 2020 шумораи истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ 3,18 миллион нафар муштариро дарбар мегирад.

Асомиддин Атоев. Акс аз интернет

Дар ҳамин асно коршиносон аз тиҷорати телекоммуникатсионӣ ҳам нигаронанд, ки сол аз сол даромади ширкатҳои мобилӣ коҳиш меёбад ва ба буҷаи давлатӣ ҳам таъсири бад мегузорад. Тавре Асомиддин Атоев, таҳлилгари фановариҳои ҷадид  ишора мекунад: “Аз нигоҳи манфиати давлатӣ нигарем, мувофиқи оморҳои Хадамоти алоқа аз соли 2014 ҳамасола наздик 50 миллион долларро бозори ватании ТИК аз  даст медиҳад. Табиист, ки аз ин сабаб ба буҷети давлатӣ даромад аз ҳисоби ширкатҳои мобилӣ ва интернет-провайдерҳо кам мешавад. Ҳарчанд суръат ва сифати хизматрасониҳо мисли солҳои пешин аст, аммо ворид шудани хизматрасониҳои нав чандон назаррас нест.”

Дар ду соли ахир дар Тоҷикистон  фаъолиятҳои маҷозӣ дар бахши иқтисод такони тоза хурд, аммо ин  ҳанӯз барои мутобиқ кардани чархаҳои иқтисодиёт ба ҳар гуна омилҳои ногаҳонӣ посухгӯ нест. Бинобар ин ислоҳот дар бахши муҳайё сохтани зербинои амалиётҳои фосилавӣ ва хадамоти мутаззаму қуллаи интернетиро коршинсон зарур меҳисобанд. Ислоҳот дар бахши мухобирот ё соҳаи телекоммуникатсия имкониятҳои васеъро барои аҳоливу иқтисоди кишвар фароҳам мекунад.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам бо дарки ин зарурат як зумра ташаббусҳоро руйи даст гирифтааст.

Фирдавси Низом

радиои “Тоҷикистон”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *