Нуҳ объекти таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардиданд

Душанбе /Радио «Овози тоҷик»/. Обеъектҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон аз қабили «Панҷакенти Қадима», «Шаҳраки Санҷаршоҳ», «Шаҳраки Ҳисорак», «Гардани Ҳисор», «Қалъаи Муғ», «Қум», «Тали Хамтуда», низоми обёрикунии «Токсанкорез» ва Мақбараи «Хоҷа Муҳаммади Башоро» ба Феҳристи пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардиданд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттиллои манбаъ, объекти таърихию фарҳангии долони «Зарафшон-Қайроққум» аз ҷониби ЮНЕСКО аз нигоҳи техникӣ дуруст ва комил арзёбӣ шудааст.

Бояд гуфт, кит ин ёдгориҳо солҳои сол аз ҷониби муҳаққиқону бостоншиносони ватаниву хориҷӣ таҳқиқу кашф ва ҳафриёт гардидаанд.

Ҳамзамон, аз ҷониби мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур таҳия ва такмил гардида ба идораи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ЮНЕСКО барои ворид намудан ба феҳристи ҷаҳонӣ ирсол карда шуд.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки аллакай парвандаҳои номинатсионии 9 (нуҳ) адад объекти таърихию фарҳангии долони “Зарафшон-Қароқум” аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аз нигоҳи техникӣ дуруст ва комило арзёбӣ шуда, ин объектҳо расман ба Феҳристии пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.

 

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *