Рӯзноманигори радиои “Овози тоҷик” сазовори Ҷоизаи Миллии “Олтин Калам” дар соҳаи рузноманигорӣ гардид

Отабек Ғоибов, муҳаррири варзидаи бахши узбекии радиои “Овози тоҷик” -и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар номинатсияи ” Барои барномаҳои радио ва мақолаҳое, ки робитаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодии ӯзбеку тоҷикро таблиғ мекунанд” ҷои дуюмро ишғол кард .

Тавре Отабек Ғоибов аз маҳалли баргузории маросими супоридани ғолибон ва ҷоизадорони Озмуни байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоизаи Миллии “Олтин Калам” дар соҳаи журналистика ба Радиои “ Овози тоҷик” хабар дод,
ҷойи аввалро дар ин номинатсия сармуҳаррири маҷаллаи «Business Turk» Рузубай Акурен ба даст овард.

Ба ғолибон дипломи махсус, нишони Олтин Калам, статуэтка ва мукофоти пулӣ супорида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни байналмилалӣ барои 15-умин ҷоизаи миллии “Олтин Калам” (“Қалами тиллоӣ”) аз ҷониби Иттифоқи эҷодии рӯзноманигорони Узбекистон дар якҷоягӣ бо Маркази бозомӯзии рӯзноманигорон ва як қатор ташкилотҳо доир гардид.

Озмуни мазкур ба Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот бахшида шуда, дар маводи дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо нашршудаи тавассути радио ва телевизион, инчунин нашрияҳои интернетӣ дар давоми сол – аз 31 марти 2020 то 31 марти 2021 қабул шуданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *