Дар Суғд ба 30 нафар иштирокчиёни ҶБВ кӯмакпулиҳои Пешвои миллат тақдим карда шуд

Дар вилояти Суғд 30 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва як нафар оилаи саробонаш дар ҷанг ҳалокгардида дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекунанд, ки ҳамаи онҳо таҳти ғамхорӣ фаро гирифта шуда, тамоми шароит барои онҳо муҳайё карда шудааст.

Тавре радиои «Овози тоҷик» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд хабар медиҳад, онҳое, ки бо медали «Барои меҳнати шоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 1941–1945» ё ин ки на кам аз шаш моҳ дар айёми ҷанг дар ақибгоҳ кор ва ё хизмат кардаанд, ба аёдат фаро гирифта шуданд.

Боиси зикр аст, ки байни иштирокчиёни ҷанг ва ақибгоҳ аз ҳама ҷавонтаринашон айни ҳол 95-сола буда, боқимонда ҳама аз синни 95 боло ҳастанд. Ду нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар арафаи 100-солагӣ қарор дошта, 12 нафар иштирокчиёни ақибгоҳ аз синни 100 гузаштаанд.

Ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба ба иштирокчиёни ҷангу ақибгоҳ кўмакпулиҳо ҷудо карда мешавад. Соли равон низ аз ҷониби Ҳукумати кишвар иштирокчиёни ҷанг аёдат карда шуда, ба ҳар кадоми онҳо ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ кўмакпулиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд.

Аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода кўмакпулӣ ба ҳар нафар иштирокчии ҷанг ба маблағи 4000 сомонӣ, ба иштирокчиёни ақибгоҳи солҳои ҷанг ба маблағи 2000 сомонӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин, онҳо аз тарафи раисони шаҳру навоҳӣ аёдат ва бо кўмакпулию маводҳои хўрока таъмин карда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки 9-уми май ҳамчун Рўзи Ғалаба, рўзи пирўзии сулҳ бар ҷанг ва некӣ бар бадӣ, чун дурахшонтарин саҳифаи таърихи башар ҳар сол пуршукуҳ таҷлил карда мешавад. Халқи тоҷик низ қатори дигар халқҳои озодихоҳу мутараққии ҷаҳон Иди Ғалабаро ботантана ва бо шаҳомати хоса ҷашн мегирад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *