Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз майдони Дӯстии шаҳри Душанбе дидан намуд.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ҳамчун нишони эҳтиром ба арзишҳои волои миллӣ ва фарҳангӣ дар пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Дар маросими тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *