ВАО-и Покистон : Роҳбаладии ҳавопаймои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҷангандаҳои JF17

Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон дар расонаҳои хабарӣ ва  фазои иҷтимоии Покистон тӯли ду рӯз мешавад, ки васеъ пӯшиш дода мешавад.

Ҳар як банди суханрониву пешниҳод ва мавқеъгирии сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин расонаҳо ба шакли гуногун нашр мешавад, ки баёнгари хуб қабул гаштани муносибатҳои дуҷониба аз тарафи ин кишвар мебошад.

Ҳанӯз аз рӯзи расидан ба шаҳри Исломобод дар яке аз пурбинандатарин шабакаи ин кишвар бо номи “Пол Нюс”, ки дар шабакаи Ютюб иштирокдорони зиёд дорад, навори  роҳбаладии чанд ҳавопаймои покистонӣ дар ҳарими ҳавойии Ҷумҳурии Исломии Покистон бо унвони “Роҳбаладии ҳавопаймои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҷангандаҳои JF17”  роҳ ёфтааст.

Дар зери ин навор корбарони шабака аз ин сафар изҳори умед ва рушди ҳамкориҳои минбаъдаро ба миён гузоштанд.

Тоҷикони Афғонистону Покистон бошанд, чунин сафарҳоро боиси хушҳолии тоҷикони Покистон унвон намуда, Тоҷикистонро хонаи умеди худ хондаанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *