Дар Душанбе барномаи ислоҳоти милитсия  барои солҳои 2021-2025 баррасӣ гардид

Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода ва роҳбари  Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер масъалаи таъсиси гурӯҳ ва таҳияи нақшаи корӣ барои татбиқи минбаъдаи “Барномаи ислоҳоти милитсия  барои солҳои 2021-2025” мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Зикр гардид, ки мулоқоти имрӯза барои ҳамкории минбаъда ва расидан ба ҳадафи ниҳоӣ — ташкили чунин сохторе, ки ба интизориҳои ҷомеа ҷавобгӯ бошад ва симои нави корманди милитсия дар Тоҷикистонро муаррифӣ намояд, мусоидат менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи ислоҳоти милитсия се санади муҳим -“Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020″, «Барномаи рушди милитсия» ва «Нақша-чорабиниҳо оид ба татбиқи барнома барои солҳои 2013-2020”  таҳия ва қабул карда шуданд.Аввалин ҳуҷҷат оид ба ислоҳоти милитсия – “Ёддошти тафоҳум” аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон 8 апрели соли 2011 ба имзо расидааст.

Бо мақсади татбиқи сиёсати ислоҳоти милитсия як қатор чораҳои амалӣ андешида шуданд. Ҳамин тариқ, дар доираи ислоҳоти милитсия Маркази тестии кормандони милитсия бо мақсади санҷиши сатҳи дониш ҳангоми ба кор қабул шудан, аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаштан, гирифтани рутбаи ҳарбӣ ва барои супоридани мукофотҳои давлатӣ таъсис дода шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *