Ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар самти кишоварзӣ тақвият меёбанд

Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазир Каримзода С.Ғ. бо намояндагони Кумитаи равобити иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK) баргузор гардид, ки дар он густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самти кишоварзӣ дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу субот муҳокима гардид.

Тавре Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрии мазкур масъалаҳои муҳим вобаста ба робитаҳои Тоҷикистону Туркия махсусан дар соҳаи кишоварзӣ аз қабили – ташкили гармхона ва сардхонаҳо ва содирот ва воридоти маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *