Тоҷикистону Кувайт зарурати густариши бештари ҳамкориҳоро таъкид намуданд

Дирӯз Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои созмонҳои байналмилалӣ Абдулазиз ал- Ҷоруллоҳ мулоқоти корӣ анҷом дод, ки дар он тақвияти муносибатҳои дипломатии ду кишвар ва дигар масъалаҳои муҳими ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре радиои “Овози тоҷик” бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима намуднд.

Ҳамзамон, аз ҷониби намояндагони ду кишвари ба ҳам дӯст аз сатҳи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати густариши бештари ҳамкориҳоро таъкид намуданд.