Муҳаққиқон роҳи нест кардани коронавирусро дар як сония ёфтанд

Гурӯҳи муҳаққиқони Донишгоҳи Техас  A&M маҳсулоте ихтироъ карданд, ки метавонад фавран коронавируси SARS-CoV-2 -ро нест кунад.  Ин бозёфти олимон дар як баёнияи матбуотӣ дар вебсайти Phys.org нашр гардидааст, хабар медиҳад РИА новости.

Ба иттилои манбаъ, ин қисмати найчаи аз пӯлоди зангногир аст, ки тавассути он маҳлули коронавирус мегузарад.

Вақте ки дастгоҳ то 72 дараҷа гарм карда мешавад, титрии вирус дар маҳлул ҳамагӣ ним сония 100 ҳазор маротиба кам мешавад. Ин барои безарар гардонидани патоген кифоя аст.

Тибқи гуфтаҳои муҳаққиқон, коркарди гармӣ имкон медиҳад, ки ин усул дар системаҳои мавҷудаи гармидиҳӣ, вентилятсия ва ҳаво истифода шавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *