Имрӯз дар 79 кишвари ҷаҳон “Диктанти ғалаба” доир мегардад

Бо ташаббуси Россотрудничество имрӯз, 29 апрели соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 79 кишвари дигари ҷаҳон Аксияи байналмилалии таърихӣ дар мавзӯи рӯйдодҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ “Диктанти ғалаба” баргузор меградад, хабар медиҳад Агентии хабаргузории Тасс.

“”Диктанти ғалаба” дар 31 кишвари ҷаҳон дар шакли рӯ ба рӯ доир мегардад. Раванди баргузории он тибқи қоидаҳои қатъии санитарӣ, ки бехатарии  ҳамаи ширкаткунандагон ва ташкилкунандагонро таъмин менамояд, сурат мегирад”,- гуфта шудааст дар хабар.

Хамчунин, дар агентӣ зирк шудааст, ки кишварҳое, ки қаблан дар ин аксия ширкат накарда буданд (Лубнон, Сурия, Португалия, Люксембург, Эфиопия)” иштироки худро дар ин амал соли 2021 эълон карданд. Бояд гуфт, ки гузаронидани “Диктанти Ғалаба” дар Арманистон, Беларуссия, Олмон, Миср, Қирғизистон, Чин, Молдова, Сербия, Тоҷикистон, Туркия ва Узбекистон аллакай ба хукми анъана даромадааст.

Макони баргузории аксияи мазкур Хонаҳои Русия дар хориҷа, мактабҳо, китобхонаҳо ва донишгоҳҳо мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон, ин Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Душанбе ва инчунин дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар воқеъ буда, соли гузашта дар ин шаҳрҳо беш аз 350 нафар “Диктанти пирӯзӣ” навиштанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *