Дар “KAZAN GRAND SLAM 2021” ҷумҳурии моро 7 нафар паҳлавонони шинохта муаррифӣ менамоянд

5-7 май дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия мусобиқаи навбатии ҷудо – Гранд Слам баргузор мегардад, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар ширкат меварзад.

Тавре Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар Гранд Слами Қазон ҷумҳурии моро паҳлавонони шинохта Абумуслим Қаюмзода, Шаҳбоз Саидаброров (ҳар ду вазни -60кг), Алиҷон Сафаралиев, Баҳром Сӯфиев (-66кг)ф, Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) намояндагӣ мекунанд.

Дар мусобиқаи мазкур 420 варзишгар (252 мард, 168 зан) аз 83 давлати дунё номнавис шудаанд.

Мусобиқа 5 май бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон оғоз мегардад. 6-уми май варзишгарон дар вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардон, -63кг, -70кг миёни бонувон гуштин мегиранд. Мусобиқа бо нерӯсанҷии варзишгарон дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон, -78кг, +78кг миёни бонувон анҷом меёбад.

Ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ тақдим карда мешавад: ҷои якум – 5000 доллар, ҷои дуюм – 3000 доллар, ду ҷои сеюм – 1500-долларӣ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *