Дар Душанбе вазъи кунунӣ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид

Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Закӣ Карагёл мулоқоти корӣ анҷом дод, ки дар доираи он вазъи кунунӣ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Таъкид гардид, ки Душанбе иродаи қавии сиёсӣ дорад ва ҳамаи масъалаҳои таъйини ҳудуд ва аломатгузории марз бо Қирғизистонро танҳо аз тариқи музокирот ва бар пояи тавофуқоти қаблии тарафайн ҳаллуфасл менамояд.

М.Карагёл бо ишора ба муносибатҳои деринаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркия, иброз дошт, ки ҷониби туркӣ аз идома ёфтани музокирот байни ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ва кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ҳалли мусолиматомези ихтилофҳои марзӣ байни ду кишвари ҳамҷавор ҷонибдорӣ мекунад ва омода аст ба Тоҷикистон ва осебдидагони низои мусаллаҳона кумаки лозим расонад.

Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Туркия табодули назар карданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *