Абдуқаҳҳори Қосим лауреати мукофоти адабии байналмилалии ба номи Мирзо Турсунзода гардид

Аз осор ва ашъори пурғановати шоири тавонои тоҷик, мунодии сулҳ ва дӯстӣ Мирзо Турсунзода дар манотиқи гуногуни дунё ба некӣ ёд меоранд.  Дар ин замина, ба шарофати ин фарзанди фарзонаи миллат мукофотҳо таъсис меёбанд. Имсол медали махсуси Иттиҳоди байналмилалии элитарии дипломатияи мардумӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон, барои фаъолияти байналхалқии шоирону нависандагон ба муносибати 110-солагии ин шоири барӯманди тоҷик бахшида шуд.

Тавре радиои “Овози тоҷик” бо истинод ба Вазорати фарҳанги кишвар хабар медиҳад, ҳамзамон, Академияи байналмилалии адабиёти рус, ки Президенти он Гранд-академики Академияи Амният ва Конфликтологияи Аврупо, дорандаи медали тилои ба номи Александр Сергеевич Пушкин, доктори илмҳои филологӣ, профессор Григорий Борисович Осипов мебошад, мукофоти адабии байналмилалии ба номи устод Мирзо Турсунзодаро дар соли 2021 таъсис дод.

Мавсуф иброз медорад, ки  аз овони хурдӣ дилбохтаи ашъори пурғановати ин шоири тавонои тоҷик, мунодии сулҳ Мирзо Турсунзода мебошад.

Боиси сарфарозист, ки аввалин шуда ба ин мукофот шоир ва тарҷумон, ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, Академики Академияи байналмилалии адабиёти рус, узви фаъоли ҲХДТ Абдуқаҳҳори Қосим, ки дар таҳкими дӯстии адабии эҷодкорони дунё саҳми сазовор гузоштааст, сарфароз гардид.

Маврид ба зикр аст, ки устод Мирзо Турсунзода бо ашъори оламгир ва зиндагиномаи наҷибу нотакрори худ, дар ақсои олам машҳур гардида, ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромидошти хотираи Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ 110-солагии зодрӯзи устод баргузор шуда истодааст.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *