Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар Восеъ ҷамъбаст гардид

Дирӯз дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид.

Тавре Мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Тоҷиддин Давлатов ба хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Абдуфаттоҳи Абдурауф хабар дод, дар озмуни мазкур сафи иштирокчиён зиёд буда, 11- нафар беҳтаринҳо  сазовори ҷойҳои намоён гаштанд ва ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.

Ҳамзамон, иштирокчии озмун Сафарзода Беҳрӯз ба мо иброз дошт, ки озмун дар сатҳи зарурӣ доир гардида, дар он ҳакамон бисёр серталаб буданд ва аз ҳар як иштирокчӣ  нозукиҳои мусиқии миллиро дар доираи талаботи озмун пурсон шуда, ба иштирокчиён баҳои сазовор доданд.

Маврид ба зикр намуд, ки сол то сол дигаргуниҳо дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ба мушоҳида мерасад, аз ҷумла соли ҷорӣ ширкати довталабон нисбати солҳои қаблӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ба маротиб бештар мегардад.

Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумхуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соли сеюм аст, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад.

Тибқи нишондоди таҳлилҳо, барбари  баргузор гардидани озмуни мазкур нисбат ба солҳои қаблӣ дар самти фарҳанг чеҳраҳои нав рӯи саҳна омаданд, ки дар оянда метавонанд барои рушди соҳаи фарҳанг хизмат намоянд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *