Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдар

21 январи 2022 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдарро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.